Ҳадаф: ҳамкориҳои судманд

Бинанда: 528 | Санаи нашр: 02 Июл 2021

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, бонкдорӣ ва гумрук нақши муассир дорад, ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷи он, инчунин ҷамъиятҳои саҳомии соҳаи иқтисоду тиҷорат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор шартномаҳоро ба тасвиб расонидааст.

Аз ҷумла, 2 – юми июли соли 2021 муовини якуми раиси Раёсати ҶСП “Спитаменбонк”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи кори бонкии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умедҷон Сафаралиевич Ҳикматов ва ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд, ки тибқи он мутахассисони ҶСП “Спитаменбонк” ба донишҷӯёни соҳаи бонкдории донишгоҳ дарсҳои амалӣ гузаронида, ба ин васила дараҷаю маҳорати касбии онҳоро баланд бардоранд.

Баъди ба тасвиб расонидани шартнома намояндагони бонки зикргардида аз бонки таълимии донишгоҳ дидан карда, баргузор намудани семинару конфронсҳоро аз ҷониби мутахассисони ҶСП “Спитаменбонк” бамаврид арзёбӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат кормандони бонкро бо шарту шароити таълим, бахусус, соҳаи бонкдорӣ шинос намуда, иброз дошт, ки беҳтар кардани шароити таълим ва ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои бонкӣ имкон фароҳам меоранд, ки мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир омода карда шаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top