Семинари илмӣ-амалӣ

Бинанда: 462 | Санаи нашр: 01 Апрел 2021

Дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратии донишгоҳ рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ семинари илмию амалии  омӯзгорон дар мавзӯи «Масъалаҳои татбиқи қонунгузории меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар семинар намояндагони роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорони факултет ширкат варзиданд. Чорабиниро декани факултет О.Қ. Муртазоев кушода, дар хусуси масъалаи интизоми меҳнат, ки асоси пешравии ҳар як муассисаву ташкилот маҳсуб меёбад, ҳарф зад. Баъдан сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДДТТ С.С.Пирзода доир ба масъалаҳои тартиботи дохилиидоравӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ У.А. Меликов доир ба мавзӯи «Рукнҳои асосии ҳуқуқи меҳнатӣ» ва муаллими калони кафедра С.Х. Наботов доир ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо» маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён атрофи масъалаҳои вобаста ба шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд, тавсияномаи мақоми омӯзгор ва тартиботи дохилиидоравӣ табодули афкор намуданд.

Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи тиҷоратӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top