Таҷлили Наврӯз дар донишгоҳ

Бинанда: 626 | Санаи нашр: 19 Март 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 19-уми марти соли 2021 бо иштироки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ нахуст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз гардид. Роҳбари донишгоҳ аҳли толорро ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ёдовар шуда,   доир ба ин ҷашни бостонии ниёгон ва расму ойинҳои он ибрози андеша кард.

Дар идомаи ҷамъомад ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандони фаъол нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳ тақдим карда шуд. Инчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба кулли омӯзгорону кормандон, собиқадорони донишгоҳ, ки дар нафақа буда, айни ҳол кор намекунанд ва  тарбиягирандагони мактаб- интернати бачагони сустбин ва нобинои шаҳри Ҳисор кумаки молиявӣ расонида шуд.

Барномаи фарҳангӣ – фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни донишгоҳ ва хонандагони литсейи он ки дар ситоиши Наврӯз, баҳор, зебоию шукуфоии табиат ва марди деҳқон бахшида шуда буд, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top