Ганҷи бебаҳо

Бинанда: 506 | Санаи нашр: 18 Март 2021

Китоб ганҷи бебаҳо ва туҳфаи беҳтарин барои инсони бафазлу бомаърифат аст. Тавре ки Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Дар робита ба ин, 17-уми марти соли равон аз номи Раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” як миқдор китоби дарсии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо номи “Муомилоти пулӣ ва қарз” барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ректори он Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат тақдим карда шуд.

Ректори донишгоҳ аз туҳфаи арзандаи раёсати бонки зикргардида изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки донишгоҳ минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро бо ҶСК-и “Ориёнбонк” идома медиҳад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top