Ба ифтихори Рӯзи Модар

Бинанда: 624 | Санаи нашр: 05 Март 2021

Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба ифтихори Рӯзи Модар санаи 5-уми марти соли 2021 дар донишгоҳ баргузор гардид, нахуст ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат суханронӣ карда, аз хусуси бузургии модар, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи зиёди давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон, мақому манзалати онҳо ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи меҳру садоқат ёдовар шуд.

Роҳбари донишгоҳ ҳамзамон аз кору фаъолият ва саҳми занону бонувони донишгоҳ дар самти таълиму тарбия ва омода гардонидани мутахассисони баландихтисос ҳарф зада, нақши онҳоро дар пешрафти донишгоҳ ва ободию шукуфоии кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Дар идомаи ҷамъомад ба як гурӯҳ бонувони фаъол ифтихорномаҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва донишгоҳ супорида шуд.

Барномаи фарҳангию маърифатии омоданамудаи донишҷӯёни донишгоҳ ва литсейи назди он, ки ба васфи модар ва бузургии ӯ бахшида шуда буд, анҷомбахши ҷамъомад гардида, ба чорабинӣ ҳусну шукӯҳи тоза зам намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top