Конференсияи илмӣ-амалӣ

Бинанда: 591 | Санаи нашр: 26 Феврал 2021

“Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Конференсияи илмӣ-амалии рӯзи 26-уми феврали соли 2021, ки бо ибтикори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ гузаронида шуд,“Самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар шароити муосир” номгузорӣ шуда, масъалаҳои рушди соҳаи соҳибкориро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар бармеоянд, дар бар гирифта, ба рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии семинар, ки бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид бо илм ва робитаҳои байналмилалӣ Самиев Ф.Б. оғоз гардид, олимони донишгоҳ профессор Фақеров Ҳ. Н. дар мавзӯи “Соҳибкории истеҳсолӣ ва саҳми он дар худтаъминкунии молҳои озуқаворӣ”, профессор Ҳабибов С.Ҳ. дар мавзӯи “Соҳибкории хурди инноватсионии саноатӣ: вазъи муосир, монеаҳо ва масоили рушди он”, доктори илмҳои иқтисодӣ Шаропов Ф.Р. дар мавзӯи “Таъмини фазои мусоид-кафолати рушди фаъолияти соҳибкорӣ”, доктори илмҳои иқтисодӣ Қодирова З.Ҳ. дар мавзӯи “Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар муассисаҳои олии касбӣ дар мисоли технопаркҳо”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ. Қ. дар мавзӯи “Нақши соҳибкории тиҷоратӣ дар рушди истеҳсоли ватанӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карда, роҷеъ ба рушди соҳаи соҳибкорӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти он андешаҳои хешро баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top