МИЗИ МУДАВВАР “НАҚШИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶОМЕА”

Бинанда: 653 | Санаи нашр: 21 Май 2024

Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз зуҳуроти хавфнок ва номатлуб  буда, боиси фасоди ахлоқи ҷомеа ва садди рушду нумуи давлатҳо мегардад. Бинобар ин муассисаҳои таҳсилотӣ ва таҳқиқотӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда. дар ин мавзуъ таҳқиқоти илмӣ  мегузаронанд ва омилҳои бавуҷуд омадани онро  омӯхта, усулу воситаҳои пешгирӣ аз онро муайян мекунанд.

Дар ин замина Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вобаста ба соли маърифати ҳуқуқӣ тасмим гирифтааст,  ки 28 – уми майи соли 2024 мизи мудавварро дар мавзӯи “Нақши таҳқиқоти илмӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионӣ” доир намояд.

Мақсади асосии мизи мудаввари мазкур  муҳокимаи роҳҳои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар байни намояндагони  илму маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  мебошад.

Дар мизи мудаввар устодони Донишгоҳ,  мутахассисону таҳқиқотчиён,  аз ҷумла иштирокдорони лоиҳаи донишгоҳ MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia ) иштирок менамоянд.

 

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 28 - уми майи соли 2024, соати 14:00, дар бинои №7, ошёнаи 3, толори конфронс, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top