КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «САМТҲОИ ТАКМИЛИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА АУДИТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Бинанда: 810 | Санаи нашр: 15 Май 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 22-23-юми майи соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Самтҳои такмили назария ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пояи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Баҳисобгирии идоракунӣ ва системаҳои прогрессивии баҳисобгирии хароҷот;

2. Мушкилоти ташаккули ҳисоботи ҷамъиятии ғайримолиявӣ ва ҳамгирошуда;

3. Татбиқи ҳисобот оид ба рушди ширкатҳо ва масоили таъминоти баҳисобгирӣ- назоратии он;

4. Самтҳои асосии рушди аутсорсинг, машварати муҳосибӣ ва аутстаффинг дар шароити муосир;

5. Мушкилот ва таҷрибаи татбиқи СБҲМ дар Тоҷикистон;

6. Самтҳои такомули баҳисобгирии молиявӣ ва андоз;

7. Тадқиқоти омории падидаҳо ва равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

8. Дурнамои рушди таҳсилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва касби муҳосибӣ.

 

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 20-уми майи соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

 

Раҷабов Олимхон Джурахонович (мутасаддӣ)

Тел.: (+992 34)  234-85-44, (+992)  918222028.

 

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Мактуби иттилоотӣ_ баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top