Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва волидайни онҳо мерасонад, ки 25.02.2023 дар донишгоҳ “Рӯзи дарҳои кушода” баргузор мегардад. Дар ин рӯз Шумо оид ба фаъолият, самту ихтисосҳо, базаи моддию техникӣ, шароити таълиму тарбияи донишгоҳ ва ҳаёти донишҷӯӣ маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Оғози чорабинӣ соати 8:00.
Бо камоли мамнуният Шумо хатмкунандагони азизро ба ин чорабинӣ даъват менамоем!