Ба диққати донишҷӯёни таҳсили бакалаври ДДТТ расонида мешавад, ки Донишгоҳи менеҷменти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон қабули ҳуҷҷатҳоро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба барои барномаҳои табодули академӣ ба тариқи “таҳсили онлайнӣ” дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023 эълон намудааст.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15.10.2022
Барои маълумоти муфассал: https://almau.edu.kz/
Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ муроҷиат намоед.