Омӯзиши забони чинӣ

Бинанда: 1071 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2022

Ба диққати омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТТ расонида мешавад, ки Донишгоҳи Аэрокайҳонии (https://en.sau.edu.cn/) шаҳри Шеняни Ҷумҳурии Мардумии Чин қабули ҳуҷҷатҳоро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба барои омӯзиши забони чинӣ ба тариқи “таҳсили онлайнӣ” эълон менамояд. Даври аввали омӯзиши забони чинӣ аз 13.09.2022 то 30.09.2022 ройгон буда, даврҳои дуюм ва сеюм тариқи шартномавӣ роҳандозӣ мегардад.  Пас аз итмоми курси мазкур хонандагон соҳиби сертификат  мегарданд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10-уми сентябри соли 2022.

Барои маълумоти муфассал ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ муроҷиат намоед.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top