Барномаи Лэйна Киркланд

Бинанда: 1360 | Санаи нашр: 25 Феврал 2021

Ба диққати омӯзгорони  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Полша барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Лэйна Киркланд барои олимони ҷавон, кормандони соҳаи илму маориф дар соли 2021 бурсия пешниҳод намудааст.

Талаботҳо:

  1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
  2. Номзад дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бояд дар Ҷумҳурии Полша қарор надошта бошад;
  3. доштани таҳсилоти дараҷаи магистр ва ё ба он баробар;
  4. синну соли то 40 сола;
  5. донистани забони англисӣ;
  6. ҳадди аққал доштани таҷрибаи касбии 2 сола;
  7. ду сол фосила аз соҳиб шудан ба бурсияи кишвари дигар;

Барои маълумоти муфассал: https://kirkland.edu.pl/

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.03.2021

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top