МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМӢ ДАР ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР ҶОМЕА”

Бинанда: 562 | Санаи нашр: 29 Май 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Horizon 2020 - MOCCA (Multilevel Orders of Corruption in Central Asia -тадбирҳои ҳамаҷониба барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар Осиёи Марказӣ)” ба роҳ мондааст. MOCCA аввалин барномаи таҳқиқоти ва табодули кормандон буда, ба кӯшишҳои глобалӣ ва миллӣ оид ба фаҳмиш ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ тавассути гузаронидани таҳқиқоти байнисоҳавӣ оид ба тартиботи бисёрсатҳии коррупсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 8 донишгоҳҳои аврупоӣ ва 9 шарики алоқаманд аз Осиёи Марказӣ иборат аст, мусоидат мекунад. Дар он донишгоҳҳои ҳамкор аз Шветсия, Швейтсария, Литва, Финландия, Дания, Чехия, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доранд.

Дар доираи лоиҳа ва нақшаи таҳияшуда дар донишгоҳ вобаста ба соли маърифати ҳуқуқӣ 28 – уми майи соли 2024 мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши таҳқиқоти илмӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа” доир гардид. Мақсади асосии мизи мудаввар муҳокимаи роҳҳои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар байни намояндагони илму маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров оғоз намуда, сипас суханро ба иштирокчиён ҷиҳати идомаи чорабинӣ дод.

Дар мизи мудаввар устодони донишгоҳ, таҳқиқотчиёни лоиҳаи мазкур д.и.и., профессор Заррина Қодирова, н.и.и., дотсент Исматулло Исматуллоев, унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Замира Қодирова, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Нурмуҳаммад Абдуллозода ва ҳамчунин мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ н.и.ҳ. Фаррух Алиев иштирок намуданд. Дар қисмати музокирот доктори илмҳои ҳуқуқ (PhD) Наботзода С.Х., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Неъмонов Ҷ.М. ва н.и.и., дотсент Ҳамитов М.С. баромад намуда, андешаҳои худро оид ба мавзуъ пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар таҳқиқотчиёни лоиҳа нисбат ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, ки яке аз зуҳуроти хавфнок ва номатлуб буда, масъалаи мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад, баромад намуданд. Инчунин, нисбати омӯзиш ва таҳқиқот дар муассисаҳои таҳсилотӣ, усулу воситаҳои пешгирӣ мубодилаи афкор карда шуд.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top