РӮЗИ ИТТИЛООТИИ ЭРАСМУС+

Бинанда: 540 | Санаи нашр: 27 Май 2024
Санаи 25-уми майи соли 2024 дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рӯзи иттилоотиро таҳти унвони “Рӯнамои барномаи Эрасмус+: имкониятҳо ва имтиёзҳо” баргузор намуд.
Дар чорабинӣ намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар бахши маориф хонум Диана Димова, ҳамоҳангсозӣ барномаи Эрасмус+ дар Тоҷикистон, доктор PhD Моҳбону Накҳатзода ва намояндагони дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлону Суғд ба тариқӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров оғоз намуда, сипас суханро ба иштирокчиён ҷиҳати идомаи чорабинӣ дод.
Лозим ба ёдоварист, ки барномаи Эрасмус+ барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) буда, ба дастгирии таҳсилот, омӯзиш, мубодилаи академӣ дар ИА равона карда шудааст. Барнома имкониятҳои гуногуни таҳсилот, омодасозӣ, волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзиро барои донишҷӯён, омӯзгорон, ва инчунин кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳод менамояд.
Дар рӯзи иттилотии барномаи Эрасмус+ масъалаҳои зерин муҳокима шуданд:
- Муаррифии барномаи Эрасмус+: имкониятҳо ва афзалиятҳои асосӣ;
- Барномаи Эрасмус+ барои рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он;
- Арзёбии таъсири лоиҳаҳои Эрасмус+ ба низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Тартиби пешниҳоди дархостҳо ва меъёрҳои интихоб;
- Датсгирии грантӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо;
- Таҷрибаи муваффақ: таҷрибаи иштирокчиёни барнома;
- Баррасии имкониятҳои мавҷуда барои МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯён;
- Андешаҳои иштирокчиёни Эрасмус+ оид ба муваффақиятҳои худ;
- Саволҳо ва ҷавобҳо: машварати коршиносон.
Ҳадафи чорабинӣ
Рӯзи иттилоотии Erasmus+ ба мақсади шиносоии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгорон бо имкониятҳои барномаи мазкур баргузор карда шуд. Ширкаткунандагон тавонистанд дар бораи равандҳои пешниҳоди дархостҳо, лоиҳаҳои имконпазир ва грантҳо маълумот пайдо намоянд, инчунин аз таҷрибаи воқеии онҳое, ки аллакай аз барнома истифода бурдаанд, шиносоӣ пайдо кунанд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯёну магистрантон ва доираҳои илмию тадқиқотии МТОК-и кишвар барои иштирок дар барномаи Эрасмус+ мебошад. Барномаи мубодилавии Эрасмус+ яке аз имкониятҳои беҳтарин барои гирифтани таҳсилот дар хориҷи кишвар барои донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top